Дарёфти беш аз 14 кг маводи мухаддир

Апрель 29, 2015 10:54

Душанбе, 29.04. 2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Имрӯз зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби  кормандони милитсия дар ноҳияи Ҳамадонӣ марди 58-сола ва марди 28-сола, сокинони ноҳияи мазкур бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардиданд.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дар вақти кофтукови мошини тамғаи “ Mercedes-Benz ”, 12-кг 808-грамм маводи сахттаъсири  героин дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳамчунин  дар ин рӯз зимни гузаронидани як амалиёти махсус аз ҷониби кормандони милитсия дар ноҳияи Спитамен шаҳрвандон: марди 32-сола ва марди 31-солаи сокинони ҳамин ноҳия дастгир шуданд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо 1 кг маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.
Зимни як чорабинии фаврии дигар сокини 20-солаи шаҳри Кӯлоб аз ҷониби  кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир шуд, ки дар вақти кофтукови хонаи истиқоматиаш 170  грамм маводи нашъадори героин ва 320 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд.
Вазни умумии маводи мухаддири дарёфтгардида 14 кг 298 граммро ташкил медиҳад.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида,  тафтиш идома дорад.
 
 
 
 
 
 

Апрель 29, 2015 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд