Дастгирии ҷавонон ва занон
Душанбе, 10.04.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода мулоқот бо роҳбарият ва донишҷӯёни ин донишкада баргузор намуданд.
Дар мулоқот атрофи масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию ватандорӣ, пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, бегонапарастӣ ва талқин ба либоспӯшӣ ва фарҳанги бегона суханрониҳо сурат гирифтанд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки пайваста аз ҷониби роҳбарияти давлат ба масъалаи дастгирии ҷавонону занон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Аз ин рӯ мо ҷавонону занон вазифадор ҳастем, ки ин бовариро сазовор бошем.
Донишҷӯён низ ин суханҳоро бо хушнудӣ пазируфта, ваъда доданд, ки баҳри сазовор будан ба ин боварӣ кӯшиш хоҳанд кард.
Чунин вохӯриҳо дар дигар донишгоҳҳо низ гузаронида мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






