Дастгирии ҷавонони ниёзманд

Апрель 27, 2015 15:59

Душанбе, 27.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд баҳри дастгирии ҷавонони ниёзманд ба таври ҳамешагӣ корҳои назаррасро ба сомон мерасонад.
Тавре ки Зариф Мирдадоев, сардори раёсати мазкур иттилоъ дод, бо мақсади дастгирии моддиву маънавии ҷавонони маъюб 25 нафар чунин ҷавонон аёдат  шуданд.
Ба ин муносибат бо баргузории як чорабинӣ дар охири ҳафтаи сипаришуда дар Хона- интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷавонони ниёзманд аёдат ва бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
 
 

Апрель 27, 2015 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш