Дастгирии БМТ аз нафароне, ки бо $ аз бонкҳо қарз гирифтаанд
Душанбе, 15.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо мақсади таъмини устувории бозори дохилии асъор, суботи қурби сомонӣ, дастгирии соҳибкорон ва ҳифзи манфиатҳои мизоҷони ташкилотҳои қарзӣ Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар намуд, ки аз 21 марти соли 2015 сар карда қурби фурӯши асъори хориҷӣ барои мизоҷон-шахсони воқеие, ки фоиз ва қарзи асосии асъории худро бо сомонӣ тавассути мубодила пардохт менамоянд, набояд аз қурби фурӯши асъори нақди хориҷие, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи пардохт муқаррар мешавад, баланд бошад.
Дар баробари ин, талабот ба миён гузошта шудааст, ки қурби асъори хориҷии аз муштариён ва ё аз бозори байнибонкии дохилӣ харидашуда бояд бо қурби на зиёдтар аз қурби хариди он ҷамъ то 1,0 (як) фоиз барои асъори ғайринақдӣ ва то 1,5 (якуним) фоиз барои асъори нақдӣ фурӯхта шавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти бонк, аз 12 марти соли 2015 мутахассисони идораҳои дахлдори БМТ барои санҷиши ҳолати риояи талаботи масъалаи мазкур ба ташкилотҳои қарзӣ, филиал ва дигар воҳидҳои сохтории онҳо сафарбар шуданд. Дар ҳолати ошкор гардидани вайронкуниҳои талабот нисбат ба нуқтаҳои мубодилаи асъор чораҳои таъсиррасонӣ андешида мешаванд.
Тибқи омори мавҷуда дар соли 2014 аз ҷониби бонкҳо ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ҷумҳурӣ маблағи 8,444 млн. сомонӣ, аз ҷумла бо пули миллӣ 3,715 млн. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 4,729 млн. сомонӣ қарз дода шудааст, ки аз он барои соҳибкорон 3,472 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Илова бар ин дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ дар маҷмуъ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ маблағи 1,077 млн. сомонӣ қарз дода шудааст, ки аз он 435, 7 млн. сомониро пули миллӣ ва 641, 1 млн. сомониашро асъори хориҷӣ ташкил медиҳад. Дар ин давра ба соҳибкорон 522 2 млн. сомонӣ қарз дода шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






