Дастгирии фаъолияти соҳибкории бекорон
Душанбе, 21.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар тавассути мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар самти дастгирии шаҳрвандони бекор бо мақсади таъйин ва пардохти қарзҳои имтиёзнок ба 904 нафар шаҳрванд 2 миллиону 924 ҳазору 799 сомонӣ ё худ ба ҳар як шаҳрванд ба андозаи 80,9 нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағ дода шуд, ки он дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2014 52 нафар зиёд буда, нисбат ба дурнамои барнома 27,4 фоизро ташкил медиҳад.
Таҳлили раванди дастгирии молиявии шаҳрвандони бекор нишон медиҳад, ки 48 фоиз ба фаъолияти истеҳсолӣ, 34 фоиз ба фаъолияти тиҷоратӣ ва 18 фоиз ба фаъолияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ машғул мебошад.
Дар давраи мадди назар ба занони соҳибкор ва ҷавонон диққати ҷиддӣ дода шуда, ба 507 нафар занону духтарони бекор дар ҳаҷми 1 миллиону 640 ҳазору 812 сомонӣ ва ба 338 нафар ҷавонони бекор барои рушди соҳаҳои гуногуни соҳибкорӣ ба андозаи 1 миллиону 93 ҳазору 875 сомонӣ кумаки молиявӣ пардохт гардид, ки дар таносуб ба ҳамин давраи соли 2014 аз ҳисоби занон 24 нафар ва аз ҳисоби ҷавонон 18 нафар зиёд буда, мутаносибан ҳаҷми кумаки молиявии дар ин давра додашуда аз ҷониби шаҳрвандон 2 миллиону 735 ҳазору 105 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок баргардонида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






