«Дастовардҳои иқтисодии Афғонистон» дар Душанбе
Душанбе, 2.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки моҳи августи соли равон дар Душанбе намоишгоҳи «Дастовардҳои иқтисодии Афғонистон» доир гардад. Ин тасмим дар ҷараёни мулоқоти Шариф Саид- раиси палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо Хон Ҷон Алкозай -ноиби президенти палатаи савдо ва саноати Афғонистон дар Душанбе гирифта шуд.
Аз Палатаи савдо ва саноати кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки сафари ҳайати Палатаи савдо ва саноати Афғонистон ба Тоҷикистон таҳкими равобити иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвари дӯсту бародар ва ҳамҷавор мебошад.
Дар мулоқот мусоҳибон масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистонро матраҳ намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






