Даъват ба фаъолияти софдилона
Душанбе, 29.04.2015.(АМИТ Ховар, Рафоати Абдулҳамид).- Имрӯз дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилояти Суғд бо иштироки роҳбарон ва сармуҳосибони муассисаю ташкилотҳое, ки фаъолияташон аз буҷаи соҳаи маорифи вилоят маблағгузорӣ мешавад, ҷаласа баргузор гардид.Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар он сардори раёсат О. Каримзода, сармуҳосиб С. Шарифова оид ба натиҷаҳои санҷиши аудиторие, ки аз ҷониби мутахассисони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташаккул ва иҷрои буҷаи раёсати маорифи вилоят гузаронида шуд, сухан гуфтанд.Таъкид гардид, ки дар баъзе муассисаҳо риоя нагардидани интизоми молиявӣ, сари вақт пешниҳод нагардидани ҳисоботи молиявӣ ба мушоҳида мерасанд. Ба ҳозирин ҷиҳати риояи ҳатмии интизоми молиявӣ дастурҳои зарурӣ дода шуданд.Директорони коллеҷҳои омӯзгории шаҳрҳои Панҷакенту Конибодом С.Худоёрова, А.Турсунова, муовини директори мактаби варзишии маҳораташ олии вилоят З. Бобораҳимов доир ба масъалаи баррасишуда андешаҳояшонро баён доштанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






