“Диёри Душанбе” дари худро дар Рӯзи пойтахт боз мекунад
Душанбе, 17.04.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Фардо ба ифтихори таҷлили Рӯзи пойтахт дар Душанбе силсилаи иншоотҳои ҷашнӣ, ки аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони воқеиву ҳуқуқӣ сохта шудаанд, ба истифода дода мешавад. Яке аз чунин иншоотҳои наву замонавӣ бинои истиқоматии №1 ва бинои маъмурии №1 дар маҷмааи биноҳои маъмурӣ ва савдою манзилӣ, вокеъ дар кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев, ки бо номи “Диёри Душанбе” маъмул аст, ба ҳисоб меравад. Назар ба иттилои Шавкат Саидов-сухангӯи раиси шаҳри Душанбе ин биноҳо дар шаҳраки “Диёри Душанбе” аз ҷониби ширкати «Қатари Диар Реал Истейт Инвестмент Компани-Тоҷикистон» бунёд шудаанд.
Инчунин дар ин рӯз ду бинои истиқоматии 12 ошёна дар кӯчаи Рӯдакӣ,10, як бинои нӯҳошёна дар кӯчаҳои Б. Ғафуров, Р. Набиев 44/1 ва шаҳраки 103, якчанд бинои панҷошёна дар кӯчаҳои Шестапавлов, Набиев ва Айнӣ ба истифода дода мешаванд.
Дар маҷмӯъ шаҳрдорӣ дар санаи таҷлили Рӯзи пойтахт ҳудуди 15 иншооти ҷашниро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад, ки фармоишгарони онҳо ҶСК «Континент-Инвест», ҶДММ «Султони Кабир», ҶСП «Мавр» ва дигар соҳибкорони ватанианд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






