Душанбегиҳо, рамзи беҳтарини “Ваҳдати миллӣ”-ро интихоб намоед!
Душанбе, 24.04.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки дар оянда дар боғи фарҳангу фароғатии “Дӯстии халқҳо”-и пойтахт Муҷтамаи меъмории рамзи “Ваҳдати миллӣ”-ро бунёд намояд. Дар иртибот, шаҳрдорӣ панҷ лоиҳаи рамзи “Ваҳдати миллӣ”-ро зери унвонҳои “Авҷ”, “Фар”, “Тоҷ”, “Соф” ва “Нур”, дар сомонаи расмии шаҳрдорӣ www.dushanbe.tj барои назарсанҷӣ ироа намудааст. Шаҳрвандон имкон доранд, ки фикру мулоҳизот ва пешниҳодоти худро нисбат ба панҷ лоиҳаи ироашуда, тавассути бахши “Пурсиш”-и сомонаи мазкур то 30 апрели соли равон пешниҳод созанд.
Лоиҳаҳои мазкур тибқи муқаррарот ва дархости шаҳрдорӣ аз ҷониби беҳтарин мутахассисони бахши меъморӣ ва зиёиёни саршиноси кишвар таҳия гардидааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






