Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ

Апрель 13, 2015 11:37

Душанбе, 13.04.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-11 апрел дар Боғи Ирам бахшида ба таҷлили «Соли оила» намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи либосҳои миллӣ баргузор гардид.Намоиш тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби доираи васеи ҷавонон, занону духтарон, тарбиятгирандагони маркази таълимии «Чароғи хидоят»-и назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи кор бо занон ва оила, намоиш дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардида, дар он тарроҳони ҷавон, соҳибкорзанон ва донишҷӯдухтарони маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» маҳсули дастранҷи хешро ба намоиш гузошта, бо барномаи ҷолиби фарҳангӣ хотири кулли иштирокчиёнро шод намуданд.

Апрель 13, 2015 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш