«Эстафетаи хотира» дар Душанбе анҷом ёфт
Душанбе, 01.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар Душанбе «Эстафетаи хотира», ки ба ифтихори 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муддати ду рӯз идома дошт, ба анҷом расид.
Ин чорабинӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ гузаронида шуда, ҳайати бонуфузи иштирокчиёни эстафетаи мазкур аз Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои ИДМ таҳти сарварии узви Кумитаи масъалаҳои аграрии Маҷлиси Парлумони Қазоқистон Жексенбай Дуйсебаев бо ҳамроҳии муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Азизӣ, раиси Шӯрои ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмат Қудратов ва дигар шахсони ҳамроҳикунанда дар Боғи Ғалаба бо иштироки ҳайати қаровули ифтихории Вазорати мудофиа дар назди оташи фурӯзони ҷовидони Маҷмааи хотиравии «Ғалаба» гулчанбарҳо гузоштанд. Ҳамзамон иштирокчиёни «Эстафетаи хотира» шуълаи оташи фурӯзони ҷовидони Маҷмааи хотиравии «Ғалаба»-ро дар капсула баҳри тақвияти оташи ҳамсон дар расми истиқболи 70-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ дар шаҳри Маскав бо худ гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






