Файзобод: Хавфи омадани сел зиёд аст
Файзобод, 27.04.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Гурӯҳе аз сокинони деҳаҳои Боғи мирӣ, Сурхдара ва Файзободи ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод мегӯянд, ки дар вақти боришоти зиёд аз хавфи омадани сел аз дарёчаи Сурхдара онҳо ором надоранд. Мувофиқи иттилои раиси ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиеви ноҳия Зайдулло Зубайдов дар ҳақиқат дар сурати кандашавии танбаҳо ва омадани сел ба ҷони мардум хавф таҳдид мекунаду ба заминхои кишт хисороти калон мерасад. Аз ҳамин сабаб имсол аз ҳисоби деҳаҳои Боғи мирӣ ва Сурхдара як тонна сӯзишворӣ ва бо ёрдами техникии ноҳия дар масофаи 500 метр соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом дода шуд. Вале аз сабабе, ки ин дарёча аз кӯҳҳо сарчашма мегираду масофааш 10-11 километр аст, дар вақти боришоти аввали фасли баҳор оби сел 50%-и корҳои анҷомдодаро шуста бурд.
Ба андешаи баъзе сокинони ин минтақа танҳо соҳилмустаҳкамкунии бетонӣ метавонад садди роҳи селҳо шавад, аммо масофа, ки аз 500 метр зиёд аст, шароити моддияшон мувофиқат намекунад ва ягона умедашон барои мустаҳкамкунии соҳилҳои дарёча танҳо ба ҳукумати ҷумҳурист.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






