Фарҳанги тоҷикон кувайтиҳоро ба ваҷд овард

Апрель 8, 2015 15:28

    Душанбе, 08.04.2015. (АМИТ «Ховар»). — Сол то сол дар раванди муносибатҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон  дигаргуниҳои назаррас ба миён меоянд. Дар тӯли 20 соли роҳандозиҳои муносибатҳои дипломатӣ байни ин  кишварҳо бо талошу сайъи сарварони ду кишвари дӯсту бародар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, пеш аз ҳама дар самти сармоягузории лоиҳаҳои инфрасохтори нақлиётию энергетикӣ, сайёҳӣ, маорифу тандурустӣ ва илму техника чандин қарордоду созишномаҳои ҳамкорӣ  ба имзо расидаву боздидҳои расмӣ ба вуқуъ омаданд. 
Махсусан тайи чанд соли охир бо кордонӣ ва такопӯи cафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  Давлати  Кувайт   густариши муносибатҳои дипломатии ду кишвари дӯсту бародар равнақ ёфта, мардуми сарзамини ин кишвари мутараққии арабӣ бо фарҳангу тамаддуни  бостонии тоҷикон ошно гардида, таваҷҷуҳашон ба кишвари зебоманзари Тоҷикистон фузун гардид. Дар  ҳамаи нишасту чорабиниҳои доир намудаи сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар  намояндагони воломақоми  Давлати Кувайт ширкат варзида, ба  эъҷози дастону маҳорати касбӣ, фарҳангу  расму ойини  мардуми Тоҷикистон мафтун гардида, баҳои арзанда додаанд.
Дар чорабиние, ки ба муносибати 20-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар ва ҷашни байналмилалии Наврӯз 02.04.2015 дар Давлати Кувайт бо иштироки рассомон ва дастаи ҳунарии ансамбли «Базморо»-и Тоҷикистон ва доир намудани намоиши ҳунарҳои мардумии кишвар  дар  Кохи фврҳанг гувоҳи он буд, ки чӣ гуна мардуми ин кишвари арабӣ дилбохтаву мафтуни ҳунару санъат ва мусиқии ноби тоҷикиянд. Суруду рақсҳои пурмазмун ва созу навои дилошӯби ансамбли «Базморо» аҳли толоррро ба по хезондаву шӯру шавқеро дар дили он ҷо будагон бедор намуд.  Толор ба ваҷд омада буд. Онҷо будагон  баробар бо ҳофизону раққосаҳо ҳамовоз гаштаву мерақсиданд. Ба назар чунин мерасид, ки  аз файзи Наврӯзи тоҷикон  саросари Кувайт  бо як  ҳусну таровати хоссае  ба ҷилва омадаву чун гулҳои баҳорӣ мешукуфт. Баробари созмондиҳандагони чунин як  чорабинии фарҳангӣ, ки дар он накҳати Наврӯз танинандоз буд, шукӯҳу шаҳомати он дар ҳар хонадони кувайтӣ ба назар мерасид. Кувайтиҳо низ гӯё ҳамрадиф бо созмондиҳандагон дар якҷоягӣ сари хони пур аз нозу неъмати наврӯзӣ нишаста, ин ҷашни бузурги аҷдодиро таҷлил менамоянд.  
Толори барҳаво бо намунаи хӯрокҳои миллӣ, меваҷоти Тоҷикистон, ҳунарҳои мардумӣ, гӯшаи китобҳои Сарвари Давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намоишгоҳи аксҳои офаридаи рассоми тоҷик Фарух Неъматзода, ки  таъриху фарҳанг, урфу одат ва табиати дилосои кишварамонро таҷассум менамуданд, ороиш ёфта буд, ки дар маҷмӯъ композитсияи бойю рангинеро аз рӯзгори мардум ва рушди Тоҷикистон дар  соҳаҳои мухталиф бозгӯӣ мекард. Таваҷҷуҳи зиёди мардумонро  манзараҳои дилосо, чашмаву кӯлҳои дилрабо, ҳунари дастони ҳунармандони тоҷик ба худ ҷалб карда буд. Лаззати маънавӣ, сайри тахайюлии онҷо будагон гувоҳӣ аз он медод, ки  ҳунару санъати мардуми тоҷик махсусияти хоси худро дошта, он ифодагари тамаддуни бостонии мардуми Шарқ мебошад. 
Ширкати чеҳраҳои шинохта ва шасхсиятҳои воломақом, аз қабили раиси Шӯрои илм ва фарҳанг Муҳандис Алӣ Юҳа, муовини вазири тиҷорат ва саноат оид ба рушди туризм Самира ал-Ғариб ва иҷрокунандаи сардори Раёсати кишварҳои Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт Солеҳ ал-Сабоҳ дар якҷоягӣ бо корпуси дипломатӣ, намояндагони мардумиву аҳли илму адаб ва шаҳрвандони кишвари иқомат дар чорабинии мазкур далели сипосу арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллии тоҷикон мебошад.
Намоишгоҳ ва консерти ҳунармандони Тоҷикистонро меҳмонон ва тамоми намояндагони баландмартабаи Давлати Кувайт бо як мароми хосса тамошо намуда, дилбохтаи санъати волои тоҷик гардиданд. Ҳунари навозандагон ва рақсҳои дилошӯби ансамбли рақсии «Базморо» хотири меҳмонон ва тамошобинонро дучанд болида гардонид. Намоишгоҳи рассомон ва ҳунари санъаткорони тоҷикро тамоми васоити ахбори оммаи Давлати Кувайт мавриди инъикос қарор доданд. Яъне  созу навои тоҷикӣ дар ҳар хонаи кувайтӣ танинандоз гардидаву  маҷаллаву рӯзномаҳо аз ҳунару санъати мардуми тоҷик  гузоришҳои пурмуҳтаво рӯи чоп оварданд. Тайи ин чанд рӯз  мардуми Кувайт чӣ дар гулгашту хиёбон, чӣ дар ҷаласаҳои хоссаву  чӣ дар бозорҳо  аз ҳунару санъати  беназири тоҷикон сухан доштанд.
Ҷониби кувайтӣ барои дар чунин сатҳи олӣ ва хотирмон танзим намудани ин чорабинӣ ба ҷониби тоҷикистонӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд,  ки пас аз муаррифии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт умед аст, ки ҳаводорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дучанд хоҳанд шуд, зеро доир намудани чунин чорабиниҳо барои рушди фарҳангу тамаддун, роҳандозии туризм ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти кишвар заминаҳои асосиро гузошта метавонанд. 
 Вазири девони Амир Шайх Носир ас-Сабоҳ (писари Амир) аз ташриф овардани аҳли фарҳанги Тоҷикистон огоҳ гашта, рӯзи дигараш ҷиҳати арзу сипос аҳли фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистонро, ки барои таҷлили ҷашни Наврӯз дар кишвараш буданд, барои муаррифӣ ва нишон додани санъати тоҷик ба бӯстонсарояш даъват намуда, аз наздик бо ҳунару фарҳанги бою ғании тоҷикон ошно гардид.

 

Апрель 8, 2015 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад