Фарҳанги тоҷикона- муаррифгари таърих
Роғун, 28.04.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Ба наздикӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳраки Роғун вохўрии гурӯҳи корӣ бо хонандагони мактаби №-1-и шаҳрак доир гардид. Муовини раиси шаҳр М.Юнусова дар хусуси соли рушди соҳаи маориф эълон гардидани соли 2015 дар шаҳраки Роғун сухан кард. Дар хусуси фарҳанги либоспушӣ, нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ М.Тоиров ҳарф зад. Ў аз ҷумла зикр кард, ки мо бояд ба фарҳанги бегона тақлид насозем, зеро фарҳанги тоҷикон муаррифгари таърих ва тамаддуни куҳанбунёди миллати тоҷик аст. Дар самти одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва илмомўзӣ сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо Абдулмумин Худойдодов сухан гуфт.
Муфаттиши прокуратураи шаҳраки Роғун Гулаҳмадзода Ҳасрат дар самти шомил нашудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, омилҳои пешгирии худкушӣ ва дигар масъалаҳое, ки ба баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон мусоидат менамояд, андешаҳояшро баён кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






