“Фараж” — ғолиби мусобиқаи волейбол миёни кормандони ВАО

Апрель 14, 2015 15:36

Душанбе, 14.04.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-ум то14-уми апрели соли равон ба ифтихори 85-солагии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни кормандони воситаҳои ахбори омма доир гардид. 
Ба иттилои Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, имрӯз даври ниҳоии мусобиқа баргузор шуд. Барои ҷои сеюм тимҳои “Озодагон” ва “Тоҷикистон” ва барои ҷои аввал “Ҷаҳоннамо” ва “Фараж” бо ҳам рақобат карданд.
Гуфта мешавад, бо сабаби ба бозӣ ҳозир нашудани тими “Тоҷикистон” “Озодагон” ғолиб дониста шуда, соҳиби ҷои сеюм гардид. Барои ҷои аввал дастаи “Фараж”/ “Чашма” бо “Ҷаҳоннамо” рақобат карданд. Ин ду даста дар даври гурӯҳӣ низ вохӯрда буданд ва “Фараж” ғолиб шуд. Дар даври ниҳоӣ низ волейболбозон — кормандони “Фараж”/ “Чашма” бартарӣ нишон дода, пирӯз гаштанд. Баъди бозӣ маросими расмии ҷамъбасти мусобиқа доир гашта, намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба ғолибон медалҳо ва ҷом супориданд.
 
 
 
 
 

Апрель 14, 2015 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд