Фармоишгар ва пудратчии Театри миллӣ аз андоз озод мегардад
Душанбе, 8.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Фармоишгар ва пудратчии асосии сохтмони Театри миллии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард ва андоз аз фоида озод мешаванд. Дар иртибот ба ин 8 апрел вакилони тозаинтихоби палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» тағйиру илова ворид намуданд.
Ҷамолиддин Нуралиев-муовини аввали вазири молияи кишвар масъалаи мазкурро дар назди вакилони Парлумон тавзеҳ дода гуфт, ки бо Қарори Ҳукумати мамлакат фармоишгари ин иншоот Дирексияи сохтмони асосии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ва пудратчии он ҶДММ «Сирдарё» тасдиқ шудааст. Театри миллӣ, ки санги асоси онро Президенти кишвар дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз гузошта буд, дар зарфи панҷ сол бо маблағи 680 миллион сомонӣ бунёд мешавад. Бо қарори Ҳукумати мамлакат сохтмони Театри миллӣ иншооти махсусан муҳим этироф гардида, аз ин рӯ ҳангоми воридоти мол ва масолеҳи сохтмонию техника аз пардохти андоз аз арзиши илвашуда ва боҷи гумрукӣ озод мешавад. Ҳадафи сохмони мазкур табдил додани Театри миллӣ ба маркази ягонаи бузурги фарҳангии кишвар арзёбӣ мегардад.
Дар давраи сохтмон дар иншоот 1000 ҷойи кор муҳайё гардида, 50% -и коргаронро шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳангоми корҳои васлкунӣ 70 %-и коргаронро шаҳрвандони Чин ва 30% -ро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Дар мавриди пурра ба истифода додани ин иншоот беш аз 300 нафар шаҳрванди кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад






