Фарзод Нуруллоев аз Туркия бо медали тилло баргашт
Душанбе,24.04.2015. (АМИТ ”Ховар” Рафоати Абдулҳамид).- Дирӯз Фарзод Нуруллоев, варзишгар аз ноҳияи Ғончӣ аз мусобиқаи байналхалқӣ, ки дар давлати Туркия 17-19 апрел ҷараён гирифт, бо медали тилло баргашт.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар ин мусобиқа намояндагони 8 давлат бо фарогирии 150 нафар варзишгар иштирок доштанд.
Фарзод Нуруллоев дар вазни 60 килограмм дар мусобиқа оид ба карате-кёкушенкай ба майдон баромада, бар ҳамаи ҳарифонаш пирӯз гардида, соҳиби медали тилло гардид.
Фарзод Нуруллоевро дар даромадгоҳи ноҳия роҳбарияти ноҳия бо сарварии Рустам Ҷӯраев ва омӯзгорону хонандагон бо гулу гулдастаҳо истиқбол намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






