ФБД натиҷаи фаъолият дар семоҳаи якумро ҷамбаст намуд
Душанбе,09.04.2015 (АМИТ «Ховар» Кристина Эрлих).- 7 апрел дар ҷараёни ҷаласа бо иштироки роҳбарони хадамот ва шӯъбаҳои Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе натиҷаи фаъолияти сохторҳои зертобеи Фурудгоҳ тайи семоҳаи якуми соли ҷорӣ ҷамъбаст гардид.
Тавре ки котиби матбуоти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе Маҳмадюсуф Шодиев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, иштирокдорони ҷаласа аз кори иҷрошуда тайи давраи гузашта ҳисобот доданд. Аз ҷумла, зикр шуд, ки беш аз 240 ҳазору 500 нафар мусофирон аз хидмати Фурудгохи байналмиллалии Душанбе бархурдор шуда, ҳаҷми умумии бори интиқол додашуда қариб беш аз 458,8 тоннаро ташкил дод.
Назар ба иттилои манбаъ, дар давраи зикршуда аз хусуси гумшави ва осеб дидани бағоҷҳо 344 шикоят расида, 335- тои он қаноатманд гардонида шуд. Алҳол нуҳ аризаи боқимонда баррасӣ мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






