Фестивали ҳафтаи китоб дар Кӯлоб
Кӯлоб, 7.04.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Ҳамасола аз 2 то 7-уми апрел дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» гузаронида мешавад, ки ҳадафи он баланд бардоштани савияи дониш ва ҷалби кӯдакону наврасон ба китобдӯстию китобхонӣ мебошад.
Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» таҳти шиори «Китоб сарчашмаи дониш аст» дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода дар шаҳри Кӯлоб доир гардида, дар он озмуни «Дастони моҳир» ва «Расми беҳтарин» низ гузаронида шуд. Ғолибон 9 апрел муайян гардида, бо туҳфаҳои Китобхонаи вилоятии бачагонаи шаҳри Кӯлоб қадршиносӣ мешаванд. Маҳсули дастони муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳру минтақаи Кӯлоб, аз қабили рассомӣ, наққошӣ, кандакорӣ, кашидадӯзӣ ва намоиши китобҳои бадеиву соҳавӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Дар қисмати бадеии чорабинӣ муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияи Кӯлоб оид ба моҳияти китобу китобдорӣ порчаҳои назмиву насрӣ қироат намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






