Форум: «Муколамаи забонҳо ва фарҳангҳои ИДМ ва СҲШ дар асри 21»
Душанбе,21.04.2015. (АМИТ «Ховар», Моҳинави Наврӯз).-Дар шаҳри Душанбе бо ҷалби сохторҳои илмию мақомоти давлатӣ ва намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай Форуми 11-уми байналмилалии «Муколамаи забонҳо ва фарҳангҳои ИДМ ва СҲШ дар асри 21» ва Мактаби 6-уми байналмилалии тарҷумонҳои ҷавони адабиёти бадеӣ баргузор шуд, ки идомаи он аз 21 то ба 23-юми апрели соли равон дар назар аст.
Тавре ки гуфта шуд, ин Форум ва мактабро Донишгоҳи давлатии лингвистии Маскав дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир менамояд.
Форуми 11-уми байналмилалии «Муколамаи забоҳо ва фарҳангҳои ИДМ ва СҲШ дар асри 21» маротибаи 11-ум аст, ки гузаронида мешавад. Баргузории мактаби байналмилалии тарҷумонҳои ҷавони адабиёти бадеӣ 6-умин маротиба аст, ки бо ширкати шумораи намояндагони кишварҳои гуногун баргузор мешавад. Форуми мазкур бо баргузор намудани ҷаласае ба кори худ итмом набахшида, баргузории чорабиниҳои гуногун дар назар дошта шудааст.
Дар доираи баргузории форум ҷаласаҳои пленарӣ бо ширкати донишмандон, мизҳои мудаввар барои ҳалли масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо ва мубодилаи таҷриба, баҳсҳои илмӣ, мулоқот бо адибону донишҷӯён ва гузаронидани лексияҳо доир ба тарҷумаи бадеӣ ва дарсҳои амалии мутарҷимони Русия ва дигар кишварҳо баргузор шавад.
Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ меҳмононро масъулон аз сохторҳои илмию фарҳангии кишвар истиқбол намуда, масъулон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки баргузор намудани ин гуна форум ва чорабиниҳои илмӣ имкон медиҳад, то равобити илмию фарҳангии кишварҳои дар чорабинӣ ширкаткунанда густариш ёбад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






