Форуми якуми тоҷирони Фаронса ва Тоҷикистон
Душанбе, 27.04.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Чанде пеш дар шаҳри Душанбе форуми якуми тоҷирони Фаронса ва Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он беш аз 50 нафар намояндагони аҳли тиҷорати ҳар ду кишвар ва вазорату идораҳои дахлдор ширкат доштанд.
Назар ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, дар ҷараёни форум масоили вазъи сармоягузорӣ дар кишвар мавриди муҳокима қарор гирифта, аз ҷумла, якчанд лоиҳаҳои бахши сохтмон ва энергетика пешниҳод гардид.
«Кишварҳои мо барои ҳамкории бисёрҷониба имконоти зиёде доранд. Имрӯз 13 ширкати Фаронса дар бахшҳои иқтисодиёт ва хидматрасонии Тоҷикистон фаъолият доранд», — гуфт сафири Фаронса дар Тоҷикистон Дидье Леруа.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






