Фурӯзоншавии “Оташи абадӣ ” дар Хуҷанд
Хуҷанд, 22.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мавзеи “Оташи абадӣ”, ки бозгӯ аз қаҳрамониҳои абармардон ва ёдгорӣ аз шаҳидони солҳои 1941-1945 аст, дубора аз тармим бароварда шуда, атрофи он бо гулҳои ҳамешасабзи баҳорӣ сарсабз гардонида шуда, он аз нав фурӯзон гашт.
Тавре ки масъули хадамоти иттилоотии мақомоти шаҳр Маҳмудҷон Муҳаммадӣ хабар дод, вобаста ба дастури шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба пос доштани хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва бахшида ба таҷлили 70- солагии Иди Ғалаба бар фашизм мавзеи “Оташи абадӣ”, ки муҷассамаи мазкур соли 1975 бахшида ба 30- солагии ғалабаи мардуми шӯравӣ бар фашизм бунёд ёфта, тибқи лоиҳа яке аз қисматҳои ин ёдгорӣ оташи фурӯзон чун рамзи поси хотири ҷоннисорони ватан ба ҳисоб мерафт, аз нав барқарор шуда, он фурӯзон гашт.
Мутобиқ ба иттилои масъулини Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд, алъон дар шаҳри Хуҷанд 24 нафар ва дар умум дар миқёси вилояти Сугд 250 иштирокчии набардҳои солҳои 1941-1945 иқомат доранд, ки ҳамарӯза аз дастгириву кумаки Сарвари давлат ва мақомоти вилоятиву шаҳрӣ бархурдоранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






