Гӯштини миллӣ дар кишвар рушд мекунад
Душанбе, 08.04.2015. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ)- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон семинар доир намуд. Дар семинар намояндагони кумита ва мутахассисони соҳаи варзиш аз тамоми минтақаҳои кишвар иштирок карданд. Мақсад аз баргузории семинар баланд бардоштани мақоми гӯштини миллӣ дар кишвар буда, дар он мутахассисон фикру андешаҳои худро вобаста ба он баён доштанд.
Аз ҷумла, масъулин масъалаи сатҳу мақоми гӯштини миллӣ, роҳҳои рушди он дар кишвар ва даровардани тағйиру иловаҳоро ба низомномаи он мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Ҳамин тавр ба Низомномаи гӯштини миллӣ як силсила тағйиру иловаҳо дароварда шуда, лоиҳаи он дар таҳрири нав таҳия гардид.
Инчунин ҷиҳати рушду инкишофи гӯштини миллӣ дар назар аст, нақшаи алоҳидаи баргузории чорабиниҳо қабул шавад, ки тибқи он бахшида ба тамоми ҷашнҳои миллӣ дар кишвар гӯштини миллӣ дар сатҳи баланд доир хоҳад шуд.
Масъулин мақсад аз даровардани тағйиру иловаҳо ба низомномаи гӯштини миллиро барои мустаҳкам намудани ахлоқи варзишгарон, аз байн бурдани беадолатӣ аз ҷониби доварон ва дигар мушкилоти дар ин самт ҷойдошта арзёбӣ карданд.
Дар ин бора Наврӯз Қурбонов, мутхассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар » хабар дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






