Гирдбоди шадид дар Бразилия
Душанбе,22.04.2015. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Тибқи иттилои расонаҳои хабарии дохилии Бразилия дирӯз дар шаҳри Шаншареи қисми ҷанубии мамлакат гирдбоди шадид ба амал омад. Дар пайи ин офати табиӣ 2 нафар ба ҳалокат расида, 120 нафари дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Гуфта мешавад, ки дар ин шаҳр бар асари офати табиӣ 30 дарсади иншооти маъмурию иҷтимоӣ қисман ё пурра хароб гардидааст.
Душанбе,22.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тӯли чанд рӯз аст, ки дар баъзе минтақаҳои Австралия, аз ҷумла штати Уэлси Нави Ҷанубӣ боронҳои пай дар пай борида, бар асари боронрезиҳои бидуни таваққуф обхезии мудҳиш ба вуқӯъ омад ва он 3 қурбонӣ бар ҷой гузошт. Ҳукуматдорони ин кишвар барои таҳлияи аҳолии минтақаҳои гирифтори ин офати табиӣ тадбирҳои мушаххас меандешанд. Дар минтақаҳои зарардида корҳои барқарорсозӣ идома доранд.
Душанбе,22.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Шаби гузашта аз ҷониби ашхоси силоҳбадасти номаълум дар шаҳри Қоҳираи Миср як корманди воломақоми Вазорати корҳои дохилаи кишвар ба қатл расид. То кунун ягон фард ё гурӯҳи ҷиноятпеша дар ин ҳамла даст доштани худро эътироф накардааст. Дар айни замон аз ҷониби кормандони воҳидҳои низомии ин кишвар барои боздошт ва ба ҷазо кашидани омилони ин куштор амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ оғоз шудааст.
Душанбе,22.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Намояндаи расмии неруҳои эътилоф бо роҳбарии Арабистони Саудӣ дар хусуси анҷом ёфтани амалиёти ҳарбӣ-ҳавоӣ бар зидди силоҳбадастони гурӯҳи ифротгарои «Ал-Ҳаусӣ» дар Яман дар як нишасти хабарӣ бо хабарнигорони дохил ва хориҷи кишвар изҳорот дод. Гуфта мешавад. ки рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон бар асари ду амалиёти ҳарбӣ-ҳавоӣ дар Яман беш аз 40 нафар ба ҳалокат расид, ки бештари онҳо сокинони осоишта буданд. Воҳидҳои низомии давлатҳои эътилоф низ то ҳол роҳи баҳриро дар ихтиёр доранд, то ки силоҳбадастони ифротгаро яроқу аслиҳа дастрас накунанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






