Гурӯҳи ҷинояткор дастгир шуд
Душанбе, 02.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода ).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе се нафар сокинони пойтахтро, ки бо истифода аз мавқеи мансабашон ба интиқоли маводи мухаддир аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Красноярск мусоидат мекарданд, дастгир намуданд.
Мувофиқи маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия моҳи августи соли гузашта дар Фурудгоҳи байналмилалии «Емеляново» — и шаҳри Красноярск ҳангоми кӯшиш барои интиқол додани беш аз 3 килограмм героин тавассути ҳавопаймое, ки дар хатсайри Душанбе — Красноярск парвоз мекард, як шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шуда буд.
Прокуратураи нақлиётии ҶТ барои ошкор сохтани робитаи ҷинояткоронаи шаҳрванди дастгиршудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаи 322 қисми 1 Кодекси ҷиноии ҶТ (саҳлгирӣ) кушода, аз ҷумлаи кормандони прокуратураи нақлиётии ҶТ гурӯҳи тафтишоти фаврӣ таъсис дод.
Алҳол прокуратураи нақлиётии ҶТ аз рӯи ин қазия мувофиқи моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноии ҶТ (қоҷоқгарӣ) парвандаи ҷиноӣ кушодааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






