Х.Ибодзода дар Анҷумани умумиҷаҳонӣ суханронӣ кард
Душанбе,14.04.2015.(АМИТ “Ховар”, Назир Назиров).- Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Хайрулло Ибодзода 13 апрел дар шаҳри Кенҷуи Куриё дар Анҷумани умумиҷаҳонии об иштирок намуд. Мавсуф зимни суханрониаш ба созмондиҳандагони анҷуман изҳори миннатдорӣ карда, гуфт, ки анҷуман яке аз воқеаҳои муҳими раванди ташаккули диди нав барои ҳалли масоили об мегардад. “Имсол муддати эътибори Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт“, солҳои 2005-2015 анҷом меёбад. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки аз 9 то 11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, масоили саъю кӯшишҳои минбаъда барои ноил шудан ба афзоиши устувори захираҳои об муҳокима мешаванд. Бисёр масъалаҳои асосии анҷуман ба рӯзномаи конфронс шомил мешаванд ва камина умедворам, ки шаҳри Душанбе идомаи мубоҳисаҳои анҷумани 7-уми умумиҷаҳонии об хоҳад гардид”, зикр намуд Хайрулло Ибодзода.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






