Хадамоти гумрук: «Воридот коҳиш ёфтааст»
Душанбе, 29.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар зарфи се моҳи соли равон 965,7 миллион $ -ро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 121,4 миллион $ кам буда, 88,8 %-ро ташкил медиҳад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки кишвар иттилоъ медиҳад, ки аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 751,8 миллион $ ба воридот ва 213,9 миллион $ ба содирот рост меояд, ки дар қиёс ба соли 2014 воридот 146,1 миллион $ коҳиш ёфта, содирот 24,7 миллион $ зиёд гардидааст.
Ба дӯши давлатҳои хориҷаи дур 490,6 млн. доллар маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47,5 миллион $ ё 8,8% кам гардидааст. Содирот ба маблағи 25 миллион $ зиёд ва воридот ба маблағи 72,5 миллион $ кам гардида, мутаносибан 160,2 млн. $ ва 330,4 млн $-ро ташкил намудаанд.
Дар ин муддат аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 45,2 миллион $ алюминии аввалия, 37,8 миллион $ нахи пахта ва 4,1 миллион $ меваю сабзавот содирот гардид. Ба Тоҷикистон аз хориҷа ба маблағи 109,5 миллион $ маҳсулоти нафтӣ, 39,1 миллион $ гази моеъ, 27,9 миллион $ воситаҳои нақлиёти сабукрав, 20,5 миллион $ глинозем, 49,8 миллион $ гандум, 16,6 миллион $ равғани растанӣ, 16 миллион $ шакар, 13,5 миллион $ орд, 4,8 миллион $ семент ва ба маблағи 3,8 миллион $ нуриҳои минералӣ ворид шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






