«Хайр» ва «Далерон» бозиҳои хонагияшонро иваз карданд
Душанбе, 21.04.2015. (АМИТ Ховар, Рафоати Абдулҳамид).- Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дархости расмии дастаҳои футболи «Хайр»- и Ваҳдат ва «Далерон-Ӯротеппа»- и Истаравшанро ба инобат гирифта, тартиби баргузории даврҳои бозиҳои хонагии ин дастаҳоро бо ҳамдигарӣ иваз намуд. Қарор шуд, ки бозии даври сеюми тақвимӣ дар шаҳри Истаравшан ва бозии даври 16- ум дар шаҳри Ваҳдат доир шаванд.Ба иттилои Федератсия футболи Тоҷикистон мутобиқи тақвими бозиҳои Лигаи миллии футболи Тоҷикистон бозии даври сеюми қисми аввали чемпионат миёни «Хайр» — «Далерон- Ӯротеппа» бояд дар шаҳри Ваҳдат баргузор мешуд. Аммо бо сабаби барои гузаронидани бозиҳои чемпионати Тоҷикистон омода набудани майдони варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат, дастаҳо ба мувофиқа расиданд, ки бозии қисми аввали чемпионат дар шаҳри Истаравшан ва бозии қисми дуюми он дар Ваҳдат доир шаванд. Ва бо дархости расмӣ ҳар ду даста ба ФФТ муроҷиат намуданд. Ин дархости дастаҳо аз ҷониби ФФТ мусбат баррасӣ шуд. Ҳамин тариқ, бозии даври сеюми чемпионати Тоҷикистон рӯзи 25- уми апрел дар варзишгоҳи шаҳри Истаравшан ва бозии қисми дуюми чемпионат рӯзи 1- уми ноябр дар шаҳри Ваҳдат доир хоҳанд гашт.Ёдовар месозем, ки бо сабаби омода набудани майдони варзишгоҳи шаҳри Ваҳдат, дастаи «Хайр» бозии даври аввали чемпионатро бо КМВА «Помир» дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе гузаронид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






