«Хиёнат»-қиссаи фаъолияти Бюрои детективии «Сипар»
Душанбе, 25.04.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ба наздикӣ Нашриёти «Озар» китоби нави бадеии профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ Ҷовид Муқимро бо номи «Хиёнат», бо теъдоди 300 нусха аз чоп баровард. Китоби мазкур идомаи қиссаи детективии «Қасос» аст, ки соли 2013 чоп шуда буд. Қаҳрамонони қиссаи «Қасос» полковники мустаъфии милиса Валиҷони Нарзулло ва журналист Нодири Аминпур, ки ҳангоми сарбозӣ дар Афғонистон ҳамхизмат буданд, бюрои детективӣ ташкил карда, куштори ҳангомадорро ифшо намуданд. Қиссаи «Хиёнат» аз фаъолияти минбаъдаи Бюрои детективии «Сипар» нақл мекунад. Ин дафъа дӯстон ҷинояти ҳангомадори кушта шудани писари банкир Ширини Комилро, ки дар тафтишаш кормадони милиса ва Интерпол оҷиз монда буданд, ифшо мекунанд.
Ҳодисаҳое, ки дар ин китоб нақл карда мешаванд, маҳсули тахайюли нависанда бошанд ҳам, дар зиндагии воқеӣ гунаи онҳо ба чашм мерасанд. Ҳамин аст, ки образи қаҳрамонони китоб хеле табиӣ ва зинда рӯи коғаз омада, таваҷҷӯҳи хонандаро ба худ ҷалб мекунанд.
Китоби «Хиёнат» барои доираи васеи хонандагони аз синни 18-сола боло пешбинӣ шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






