Хуҷанд: «Фарҳанги миллӣ ва ҷойи дин дар он»
Душанбе, 23.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мизи мудаввар таҳти унвони «Дин ва ҷомеа» баргузор гардид.
Дар маҳфил раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуҳаким Шарифов, роҳбари Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Нодира Мирзозода, раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, коршиносони дохилӣ, ҳуқуқшиносон, устодон ва донишҷӯён ҳузур доштанд.
Дар маҳфил Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар мавзӯи «Дин дар давлати дунявӣ» гузориш намуд.
Дар ҷараёни музокира раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, устодон Самад Болтаев, Нурулло Ғиёсов, Саъдӣ Муртазоев, Ӯғулой Умаралиева ва донишҷӯён сухан гуфтанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






