Хуҷанд: Гусели аввалин ҷавонони ихтиёрӣ ба хизмат
Душанбе, 3.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар майдони муҷассамаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд ба муносибати гусели аввалин ҷавонони синни даъватӣ, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон худро номнавис кардаанд, ҳамоиши ботантана баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба ҷавонписарон-сарбозон муроҷиат намуда, таъкид намуд: «Итминони комил дорам, ки ҷавонони мо чун сарбозони шуҷоъ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи давлати соҳибистиқлоламон ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолат ва ӯҳдадориҳои ҳарбии худро дар назди Ватан — Модар бо сарбаландӣ иҷро менамоянд».
дар чорабинӣ раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Ҳошимҷон Осимов ва модари даъватшуда Гулнора Ҳотамова суханронӣ намуданд.
Ҷавони даъватшуда Санъат Убайдуллоев дар назди ҳозирон ваъда дод, ки онҳо бо сари баланд хизмати модар-ватанро ба ҷо оварда, барои ҳимояи манфиатҳои кишвари худ вазифаҳои дар наздашон гузоштаро сари вақт ба ҷо хоҳанд овард.
Дар анҷом аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанг барномаи консертӣ манзури ҳозирон гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






