Хуҷанд: Ифтитоҳи маркази «Тибби Аҷам»
Душанбе,01.04.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд боз як Маркази ташхисии муолиҷавии муосир бо номи «Тибби Аҷам» ба фаъолият шурӯъ намуд.
Дар ин маркази тиббӣ 5 дастгоҳҳои ташхисии рақамии ултрасадо, рентген ва ғайра, ки истеҳсоли кишварҳои Амрико, Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон мебошанд, насб карда шуданд. Лозим ба қайд аст, ки ин намуди таҷҳизоти тиббии рақамӣ дар вилоят нахустин буда, он аз ҷониби мутахассисони ҷавони баландихтиссос корбарӣ мешавад.
Дар Маркази ташхисии муолиҷавии «Тибби Аҷам» баробари ташхис ва 15 намуди муолиҷаи физеотерапевтӣ ҳамчунин беморони касалиҳои дарунӣ ва асаб муолиҷаи шабонарӯзӣ хоҳанд гирифт. Ин мараказ дорои 48 кат бо тамоми шароитҳои муосир мебошад.
Барои бунёди ин марказ аз ҷониби Ширкати «Чор додарон» зиёда аз як миллион сомонӣ маблағ сарф карда шуда, муассисони ин табабатгоҳ Ёқубҷон ва Гуломҷон Ғаниевҳо мебошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






