Хуҷанд: Маҷмаи ёдгории шаҳидон таъмир мешавад

Апрель 9, 2015 13:10

Хуҷанд, 9.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини сохторхои марбутаи мақомоти шаҳр дастур додааст, то баҳри таҷлили хотирмони 70 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Тавре ки роҳбари хадамоти матбуоти мақомоти шаҳр Маҳмудҷон Муҳаммадӣ иттилоъ дод, роҷеъ ба дастури шаҳрдори Хуҷанд аз тарафи шуъбаҳои мухталифи мақомоти шаҳрӣ  нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкили вохӯриҳо бо иштирокчиёни ҶБВ ва ҳамзамон  аёдати онҳо тартиб дода шуда, дар ин замина  баҳри абадӣ гардонидани номи фарзандони абармарди диёр  чанд лоиҳаи меъморӣ низ  тарҳрезӣ хоҳад шуд.
То рӯзҳои таҷлили ҷашн мавзеъҳои маҷмааи ёдгории «Шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва «Оташи абадӣ», воқеъ дар маркази шаҳр таъмир ва тармим шуда, роҳравҳо сафолакпӯш ва бо чароғакҳои замонавӣ таъмин шуда, мавзеи мазкур бо тарҳи нави гулзоркунӣ, ободонӣ ва фаввораҳо  зеб дода мешавад. 
 
 

Апрель 9, 2015 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд