Хуҷанд: сафарбарии гурӯҳи ихтиёриён ба артиш
Хуҷанд, 02.04.2015. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).- Шурӯъ аз 1-уми апрел дар кишвар даъвати баҳорӣ ба сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид. Дар шаҳри Хуҷанд низ баҳри таъмини даъвати баҳорӣ таҳти роҳбарии муовини аввали раиси шаҳр ситоди даъвати баҳорӣ ташкил шудааст.
Зӯҳри имрӯз гурӯҳи аввали даъватшавандагони Хуҷандшаҳр ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар иборат аз 40 нафар сафарбар шуд.
Соли равон низ тантанаи гусели гурӯҳи аввалини нахустихтиёриён дар назди майдони Исмоили Сомонии шаҳр доир гардид, ки дар он роҳбарияти шаҳр, волидайну наздикони даъватшавандагон, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҳамчунин намояндагони сохторҳои марбута иштирок доштанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар назди ҳозирин баромад намуда, зикр намуд, ки хидмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ вазифаи ҳар шаҳрванди кишвар буда, хурсандиовар аст, ки сол аз сол теъдоди ихтиёриёне, ки хоҳиши адои хидмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишварро доранд, бамаротиб меафзояд. Чорабинии гусели наваскарон бо барномаи фарҳангӣ ва супоридани туҳфаҳои хотиравӣ анҷом ёфт.
Тибқи маълумоти Ситоди шаҳрӣ оид ба даъват мувофиқи тақсимот дар даъвати баҳории имсола аз Хуҷанд 165 нафар ҷавонписар ба хизмат сафарбар хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки сафарбарии гурӯҳи аввалини даъватшавандагони вилояти Суғд ба қисмҳои низомии кишвар 3 апрел дар назар гирифта шудааст.
Хотиррасон мекунем, ки даъвати баҳорӣ аз 1 апрел оғоз ёфта, то 31 май давом мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






