Хуҷанд: «Шаҳри ман» ба фаъолият шурӯъ намуд
Душанбе, 6.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар фазои иттилоотии маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд боз як радиои мустақил бо номи «Шаҳри ман» ҳафтаи гузашта ба фаъолият шурӯъ намуд.
Радиои мустақили «Шаҳри ман» соли 2014 аз қайди давлатӣ гузашта, соҳиби иҷозатнома гашт. Ширкати мазкур аз ҷониби якчанд ҷавони соҳибкори шаҳр таъсис ёфта, ҳамарӯза дар давоми 24 соат гуфторҳои он аз рӯи мавҷи 97.7 FM ба шунавандагон пешкаш мегардад.
Дар айни замон 7 нафар мутахассис ва эҷодкор барои таҳияи барномаҳо ҷалб гардида, теъдоди кормандон то интиҳои сол ба 15 нафар хоҳад расид.
Барои фаъолияти пурсамари гурӯҳи эҷодӣ тамоми шароитҳо фароҳам буда, музди миёнаи маоши кормандон ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баъди оғоз бахшидан ба аввалин гуфторҳои ин радио нахустин меҳмон ва мусоҳиби журналистони он гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






