Хушқадам- қаҳрамони Тоҷикистон дар риштаи дзюдо
Душанбе, 13.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Хушқадам Хусравов, ки то ин дам танҳо дар сабқатҳои риштаи самбо баромад мекард, бори аввал дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гӯштини дзюдо иштирок карда, қаҳрамон шуд.
Ба иттилои Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Хушқадам Хусравов , паҳлавони маъруфи тоҷик, ки то кунун танҳо дар сабқатҳои оид ба самбо иштирок мекард, 11 апрел бори аввал дар мусобиқаи қаҳрамонии гӯштини дзюдои Тоҷикистон иштирок намуда, ғолиб шуд. Ӯ дар вазни 60 кило баъди пирӯзӣ бар панҷ ҳарифаш аз Бадахшону Суғду Душанбе ба финал баромад ва дар даври ниҳоӣ бо шикаст додани Озод Эмомов унвони қаҳрамони Тоҷикистонро соҳибӣ кард.
Акнун роҳ барои иштироки Хушқадам Хусравов дар мусобиқаҳои олимпӣ ва ҷаҳонии дзюдо боз мешавад. «Дар риштаи дзюдои кишвар қаҳрамон шудан роҳро барои иштирок дар чунин мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аврупоӣ ва миллӣ дар риштаи дзюдо боз кард»,-гуфт ӯ.
Аммо ин паҳлавони тоҷик мегӯяд, имсол ӯ тасмим дорад, дар мусобиқоти ҷаҳонии самбо ширкат карда ва қаҳрамони ҷаҳон шавад.
Хушқадам Хусравов охири моҳи марти соли ҷорӣ дар мусобиқаи байналмилалии «Ёдбуди Анатолий Харлампиев”, поягузори гӯштини
самбо, ки Ҷоми ҷаҳонӣ ҳисоб меёбад, унвони қаҳрамонӣ ба даст овард. Вай дар сабқати самбои варзишӣ байни мардон дар вазни зери 62 кило ба финал баромада, дар қувваозмоии ниҳоӣ бар варзишгари Қазоқистон Йессет Куанов бо ҳисоби 6:3 ғалаба кард ва барои ҷойи аввал бо медали тилло ва ҷоизапулӣ сарфароз гашт.
Хушқадам Хусравов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё, ки моҳи июни соли 2014 дар пойтахти Ӯзбекистон — шаҳри Тошканд баргузор шуд, дар рақобатҳо дар вазни то 62 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гаштааст.
Ассотсиатсияи хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон Хушқадам Хусравовро ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2014 дохил кардааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






