Иқдомоти МОИ “Суғд” барои ҷалби сармояҳои Русия
Душанбе, 23.04.2015. (АМИТ “Ховар”, ).- 22 апрел сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин- Фролов аз Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” боздид намуд.
Назар ба хабари маъмурияти МОИ “Суғд”, роҳбари минтақа Фирдавс Олимов ба меҳмон аз фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодӣ ва тағйироте ки баъди мулоқоти соли 2013 дар инҷо рӯй додааст, аз ҷумла дар бораи мавриди истифода қарор додани корхонаҳои нав ва афзудани тедоди иншоотҳо нақл кард.
Зимни мулоқот бахши истеҳсоли меваи хушк, ки диққати бозори Русияро ба худ ҷалб менамояд, баррасӣ шуд.
Роҳбари маъмурият ҳамчунин аз тадбирҳое ки роҳбарияти вилоят барои таҷдиду рушди бахши кишоварзӣ меандешад, нақл кард.
Фирдавс Олимов ҳамчунин зикр намуд, ки дар Минтақаи озоди иқтисодӣ барои ҷалби сармояҳои Русия корҳои зиёде анҷом дода, бо ширкатҳои Русия дар бораи рушди ҳамкорӣ гуфтушунид карда мешавад.
Зимни мулоқот имконияти ҳамкорӣ бо вилоятҳои Оренбург ва Ростов барои бунёди корхонаи муштараки васли техникаи кишоварзӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






