Иҷлосияи нахустини ММ МО ҶТ оғоз ёфт

Апрель 17, 2015 09:20

   Душанбе, 17.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Субҳи 17 апрел дар шаҳри Душанбе  нахустин иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт, ки дар он Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ хоҳад кард. 
      Интизор меравад, ки дар иҷлосияи нахустини палатаи болоии Парлумони мамлакат асосан масъалаҳои ташкилӣ, назири интихоби раиси Маҷлиси миллӣ, муовинони он ва раисони кумитаҳои ММ   матраҳ хоҳанд гардид.
          Ҳамзамон имрӯз дар Душанбе нахустин  иҷлосияи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  доир мегардад, ки дар он як силсила фармонҳои Президенти кишвар, ки марбут ба сиёсати кадрист,  баррасӣ ва тасдиқ хоҳанд шуд.
 

Апрель 17, 2015 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад