Иҷозаи вуруди 115 нафар ба Федератсии Русия

Апрель 21, 2015 10:45

Душанбе, 21.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-115 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки воридшавиашон ба  Федератсияи Русия мань шуда буд, дубора иҷозати ворид шудан ба ин кишварро гирифтанд. Бино ба иттилои сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа Дустмурод Умбаров аз 115 нафари иҷозат дода, 35 нафарро занҳо ташкил медиҳанд. Баъди ба Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия пешниҳод намудани аризаҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба 115 нафар шаҳрванди мамлакат иҷозаи воридшавӣ дода шуд. 
Бояд зикр намуд, ки то имрўз аз тарафи мақомоти Федеролии муҳоҷирати Русия зиёда аз 400 нафар шаҳрванди мамлакат, ки бо сабабҳои гуногун воридшавиашон ба қаламрави Русия манъ шуда буд, иҷозаи дубора дода шуд. Дар айни ҳол онҳо дар минтақаҳои Русия иқомат дошта, фаъолияташонро идома  дода истодаанд.
Шахсоне, ки дар қаламрави Федератсияи Русия бо сабабҳои номаълум воридшавиашон ба ин кишвар манъ шудааст, метавонанд ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуҷҷатҳои зерин муроҷиат намоянд: 
Наздикони оила, ки шаҳрвандии Федератсияи Русияро дошта бошанд (шиноснома, ақди никоҳ ва шаҳодатномаи таваллуди падару модр, бародару хоҳар, зану шавҳар);  
Донишҷуёне, ки дар шуъбаҳои рўзона дар Федератсияи Русия таҳсил менамоянд (шиноснома, маълумотнома аз донишгоҳ ё донишкада, билети донишҷўӣ ва дафтарчаи имтиҳонот);
Шахсоне, ки дар қаламрави Федератсияи Русия дорои патент, иҷозати кор, иқомат барои зист (вид на жительство и РВП) фаъолият намудаанд (чекҳои патенти ҳармоҳа ва шартномаи меҳнатӣ);
Шахсоне, ки барои табобат ба Федератсияи Русия мераванд (роҳхати беморхонаи Федератсияи Русия ва маълумотнома дар бораи табобат дар қаламрави ФР);
Шахсоне, ки дар қаламрави Федератсияи Русия дар номи худ амвол доранд, яъне дар номи худ хона ва замин доранд, нусхаи шиносномаи хона ва замин, сертификат) пешниҳод мешавад.  
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Апрель 21, 2015 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд