Ибтикороти вазир
Душанбе, 14.04.2015. (АМИТ “Ховар”,МуқаддасТемурзода ).- Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ ва гурӯҳи соҳибкорони кишвар дар ҷараёни сафари корӣ ба минтақаи Рашт аз шаҳраки Ғарм, ки 12 хонаи бесоҳиби он дар ихтиёри ВКД қарор дорад, дидор намуданд.
Мувофиқи маълумоти ВКД ҶТ, дар ин хонаҳо кайҳо боз касе зиндагӣ надошта ва онҳо ба таъмири асосӣ зарурат доранд. Роҳбари ВКД дар робита бо ин ба соҳибкорони ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Ҷиргатол, Тавилдара ва Тоҷикобод пешниҳод намуд, ки ба таъмиру таҷдиди хушсифати ин хонаҳо ҳисса гузоранд, то онҳо чун макони истироҳатии кормандони милиса ва оилаҳои онҳо мавриди истифода қарор гиранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






