Идомаи баровардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман
Душанбе, 16.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки иттилоъ дода шуд, бо мусоидати сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Давлати Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай 16 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути роҳи заминӣ аз Ҷумҳурии Яман ба воситаи ҳудуди Салтанати Умон ба Амороти Муттаҳидаи Араб ворид шуд. Онҳо 16 апрели соли 2015 бо хатсайри Дубай-Душанбе бо ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба Тоҷикистон баргаштанд.
Ҳоло намояндагиҳои дипломатию консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои араб ҷиҳати баровардани шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон аз Яман тадбирҳои зарурӣ меандешанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






