Ифтитоҳи намоишгоҳи байналмилалӣ дар Душанбе
Душанбе,24.04.2015.(АМИТ “Ховар”, Кристина Эрлих).- Бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ширкати “ ТМ- International” ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи 16- уми байналмилалии таҳсилотӣ ифтитоҳ шуд.
“Палатаи савдои Тоҷикистон ба таҳсилоти олӣ ва тарбияи мутахассисони касбии иқтисодиёти Тоҷикистон аҳамияти хоса зоҳир менамояд. Палата бо дарназардошти ин 16 сол боз якҷоя бо ширкати “ТМ- International” дар шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Хуҷанд чунин намоишгоҳҳоро рӯи кор меорад”,- гуфт муовини раиси ПСС ҶТ, Асомиддин Ризоев.
Дар намоишгоҳ нигораҳои муассисаҳои таҳсилотии Тоҷикистон, Малайзия, Кипр, Британияи Кабир, Олмон, Туркия, Дубай ва ИМА ба маърази намоиш гузошта шудаанд.
Рӯзҳои наздиктарин дар шаҳрҳои Қуғонтеппа, Кӯлоб ва Хуҷанди вилоятҳои Хатлону Суғд чунин намошгоҳҳо доир мегарданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






