Ифтитоҳи студияи телевизионӣ дар ВКД ҶТ

Апрель 22, 2015 11:25

 Душанбе, 22.04.2015  (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Имрӯз дар бинои Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва директори Муассисаи давлатии «Телевизиони  Сафина» Лутфулло Давлатзода студияи телевизионии ВКД ифтитоҳ  шуд.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки вазири корҳои дохилӣ Р Раҳимзода зимни ифтитоҳи студияи тозабунёди телевизионӣ иброз дошт, ки студияи мазкур барои таҳия ва сабти барномаҳо дар сатҳи зарурӣ ва бо сифати баланд ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, расонидани маълумоти дақиқ оид ба воқеаву ҳодисаҳо ва кирдорҳои  ҷинояткорона ба сокинони мамлакат мусоидат менамояд.
Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ барномаҳои криминалии «Сипар» аз тариқи Шабакаи аввал, «Набз» ба воситаи «Телевизиони Сафина» ва «Дидбон» аз ТВ «Ҷаҳоннамо» ҳар ҳафта манзури тамошобинон гардонида шуда, фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилиро дар таъмини суботу оромӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва мубориза бо ҷинояткорӣ инъикос менамоянд.
 

Апрель 22, 2015 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш