Имсол Тоҷикистон раёсати СААД-ро ба ӯҳда дорад
Душанбе, 2.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ созмони ҳарбию сиёсӣ буда, 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз тарафи ҷумҳуриҳои Арманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба шароити муосири геополитикӣ мутобиқ кардани ин Аҳднома ва имкониятҳои воқеии истифодаи неру ва воситаҳои дифои дастаҷамъӣ таъсис шудааст. Соли 1993 Озарбойҷон, Гурҷистон ва Беларус ба ин созмон ҳамроҳ гаштанд.
14 майи соли 2002 Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ табдил дода шуд. Оинномаи СААД-ро Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ 7 октябри соли 2002 дар шаҳри Кишинев ба имзо расид ва ин ҳуҷҷат 18 сентябри соли 2003 қувваи эътибор пайдо кард.
Давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Тоҷикистон мебошанд.
Имсол Тоҷикистон раёсати Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро ба уҳда дорад.
Соли ҷорӣ ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва нишасти ниҳодҳои ойинномавии СААД — Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа, Кумитаи дабирони Шӯрои амният ва нишасти дигар ниҳодҳои корӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
“Нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи қарорҳои иҷлосияи декабрии соли 2014-и Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва авлавиятҳои аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳодгардида дар давраи раисии Тоҷикистон дар ин Созмон” аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои иштироки худ дар фаъолияти СААД аҳамияти афзалиятнок медиҳад. Ҳамкорӣ дар доираи ин Созмон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст ва он имкон медиҳад, ки бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва умуман ба хотири таъмини амният ва субот дар тамоми минтақаи Аврупо ва Осиё ва инчунин ҳимояи тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатҳои аъзо фаъолона тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Тоҷикистон манфиатдори он аст, ки СААД дар амал ба омили муҳими таъмини амнияти ҷаҳонию минтақавӣ мубаддал гардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои фаъол намудани раванди ҳамгироии ҳарбию сиёсии давлатҳои аъзо ва ҳамоҳангсозии иқтидори онҳо, такмили соҳаи сиёсати ҳарбӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарбию техникии давлатҳои аъзоро вазифаҳои наздиктарин ва муҳимтарини Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ меҳисобад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






