Иштироки ҳайати ФФТ дар кори Конгресси КФО
Душанбе, 29.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- 30 апрел дар пойтахти Баҳрайн шаҳри Манама Конгресси Конфедератсияи футболи Осиё баргузор мегардад, ки дар кори он намояндагони ҳамаи федератсияҳои миллии футболи қитъаи Осиё ширкат мекунанд.
Дар конгресс Федератсияи футболи Тоҷикистонро ноиби якуми президенти федератсия Хуршед Мирзоев, дабири кулли он Ислом Маҳмадшоев, ҳамчунин узви Кумитаи иҷроияи ФФТ, роҳбари Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Дилшод Ҷӯраев намояндагӣ мекунанд.
Масоили асосии рӯзномаи конгресси Манама иборат аз интихоби президенти Конфедератсияи футболи Осиё, ҳамчунин Кумитаи иҷроияи КФО ва ФИФА мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Шайх Салмон бинни Иброҳим ал — Халифа аз Баҳрайн, ки аз соли 2013 роҳбарии созмони мазкурро ба ӯҳда дорад, ягона номзади сабтшуда ба мансаби президенти Конфедератсияи футболи Осиё мебошад.
Қаблан Конфедератсияи футболи Осиё рӯйхати номзадҳо ба узвияти Кумитаи иҷроияи созмонро, ки интихоботи он 30 апрел дар ҷараёни Конгресси 26 — уми КФО дар пойтахти Баҳрайн шаҳри Манама баргузор мегардад, эълом дошта буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






