Иштироки директори АНМН дар машварати шаҳри Маскав
Душанбе, 22.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Кристина Эрлих ).- 21 апрел директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назарзода дар машварати роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СҲШ, ки ваколатҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухадирро доранд, иштирок ва сухан кард.
Тавре ки АНМН ҶТ, хабар медиҳад, Рустам Назарзода зимни суханрониаш иброз дошт, ки дар Тоҷикистон барои татбиқи созишномаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари барномавии СҲШ дар бахши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир чораҳои зарурӣ дида мешаванд.
Директори АНМН, аз ҷумла, зикр намуд ки яке аз самтҳои асосии фаолияти агентӣ иборат аз барқарору густариш додани ҳамкории байниидоравӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси давлатҳои узви СҲШ мебошад.
Иштирокдорони машварати шаҳри Маскав масоили марбут ба муборизаи зидди интиқоли маводи мухаддир аз қаламрави Афғонистонро мавриди муҳокима қарор дода, аз хавфу хатари маводи мухаддир ва ҳаҷми афзояндаи истеҳсоли он дар Афғонистон ва минтақаи “Секунҷаи заррин”, ки ба амнияти ҷаҳон ва рушди устувори иқтисодии давлатҳо хатар меорад, изҳори нигаронӣ карданд.
23 апрел Рустам Назарзода дар кори Конфронси дуюми Маскав алайҳи маводи мухаддир иштирок менамояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






