Иштироки Х. Ибодзода дар Форуми 7-уми байналмилалии об

Апрель 15, 2015 10:29

Душанбе,15.04.2015. (АМИТ «Ховар», Назири Назир).-14 апрели соли 2015 дар бахши «Занон барои об» -и Форуми 7-уми байналмилалии об,  ки дар  Кореяи Ҷанубӣ мегузарад, дар вохўрии  навбатие, ки  аз ҷониби ЮНЕСКО  ва Иттиҳоди  шарикии занон   дар соҳаи об ташкил гардидааст, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода  сухан гуфт.      
Х. Ибодзода хусусиятҳои муҳими  ҷалби занонро барои  пешсафгардонии онҳо дар соҳаи татбиқи  сиёсати об  ва раванди қабули тасмимҳо   махсус зикр  кард. Аз ҷумла, мавсуф  ёдрас намуд, ки дар Тоҷикистон  масъалаҳои ҷалби занон  ба тамоми соҳаи рушд, аз ҷумла соҳаи истифодаи об   ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад.     Сиёсати баланд бардоштани мақоми занро дар ҷумҳурӣ Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   пиёда месозад, дар соли 2005   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  кафолатҳои давлатии  баробарҳуқуқии  мардону занон  ва имкониятҳои  баробари амалигардонии  онҳо» қабул шуд. Тибқи банди 7-уми  Амри  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»  яке аз муовинони вазирон ва раисони шаҳру ноҳияҳо  аз ҳисоби занон бояд  таъйин шавад.  Дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   оид ба  тасдиқи «Қоидаҳои қабули  донишҷўён  ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ тибқи  квотаи  президентӣ» ба қабули духтарон  аз деҳот таваҷҷуҳи хосса зоҳир  мешавад. 
Дар анҷоми сухан раиси кумита гуфт, ки  дар доираи Конфронси  сатҳи баланд, ки ба Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015  бахшида шуда, моҳи июн дар шаҳри  Душанбе баргузор мегардад, нишасти матбуотӣ  оид ба мавзўи «Об ва занон» гузаронида мешавад.  Дар охир ў иштирокчиёнро барои  ширкат дар конфронси мазкур таклиф намуд.
 

Апрель 15, 2015 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад