Иштироки се номзад дар интихоботи Қазоқистон

Апрель 23, 2015 16:17

Душанбе, 23.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия  Саидзода).- 26 апрели соли равон дар Қазоқистон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мегардад.  Аз Сафорати Қазоқистон дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки  шаҳрвандони Қазоқистон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд,  дар асоси ҳуқуқҳои конститутсионии худ имкон доранд ба номзади мавриди назараи худ раъй диҳанд.
      Дар иртибот ҷиҳати баргузории ин чорабинии  муҳими сиёсӣ дар намояндагиҳои дипломатии Қазоқистон дар кишварҳои хориҷӣ  65 комиссияи интихоботии овоздиҳӣ созмон дода шудааст. Аз ҷумла,  дар назди Сафорати Қазоқистон дар Душанбе қитъаи раъйдиҳии №222 ташкил шудааст, ки он ҳамарӯза аз соати  9:00 то 18:00  ва дар рӯзи интихобот аз соати  07:00 субҳ то 20:00 шом фаъолият менамояд. Инчунин барои шаҳрвандони Қазоқистон, ки дар вилояти Суғд фаъолият доранд, дар бинои Консулгарии Қазоқистон дар Хуҷанд қуттии сайёри раъйдиҳӣ гузошта мешавад. 
   Бояд тазаккур дод, ки  дар интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Қазоқистон се номзад- Президенти  феълии ин кишвар Нурсултон Назарбоев, номзад аз Ҳизби «Нур Отан», Турғун Сиздиқов  аз Ҳизби коммунистии мардумӣ ва Абелғазӣ Қусаинов, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қазоқистон  иштирок мекунад.

Апрель 23, 2015 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд