«Истиқлол» боз Ҷоми олии Тоҷикистонро ба даст овард

Апрель 6, 2015 09:59

Душанбе, 06.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- 5 апрел  дар Варзишгоҳи  марказии ҷумҳурӣ вохӯрии байни  дастаҳои «Истиқлол» — и  шаҳри  Душанбе ва  «Хайр» баргузор гардида,  бо  ҳисоби 2:2 мусовӣ  шуд.
Баъди  таъйини силсилаи  пеналти (банишонгирии  дарвозаи  ҳариф  аз  масофаи 11  метр) бозӣ  бо  ҳисоби  4:3 ба  фоидаи   дастаи  «Истиқлол» анҷам  ёфта, ба  ҳамин тариқ «Истиқлол» маротибаи  панҷум соҳиби Ҷоми  олии Тоҷикистон  гардид. 

Апрель 6, 2015 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш