Изҳори тасаллият ва ҳамдардии Раёсати КМ ҲАТ
Душанбе, 6.04.2015.(АМИТ «Ховар»).-Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон бо як гурӯҳ аъзои раёсати ин ҳизб дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод волидайн ва хешу табори ҳамаи 10 оилаеро, ки фарзандону наздикони худро рўзи 3 апрел дар натиҷаи ҳодисаи фалокатбор ва мудҳиши табиӣ — лағжиши теппа аз даст додаанд, аёдат намуд. Раиси ҲАТ ба падару модарон ва наздикони ҳалокшудагон аз номи Кумитаи марказии ҳизб изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуда, гуфт, ки имрўзҳо тамоми сокинони мамлакат — аз Роҳбари давлат то шаҳрванди оддӣ бо оилаҳои ҳалокшудагон худро ғамшарик медонанд. «Дуои онро дорем, ки Худованди карим ба наздикону пайвандон сабри ҷамил ва ба ҳалокшудагон ҷаннатулмаъворо насиб гардонад».
Ба ҳамаи оилаҳои ҳалокшудагон аз номи ҲАТ кумакҳои моддӣ расонида шуданд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти ҲАТ хабар доданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






